Соли 2012 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 6,4%-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, моҳи декабри соли гузашта нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳои хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ ба андозаи 0,1% боло рафтаанд.
Қаблан раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор дошта буд, ки дар муқоиса бо пешбиниҳои интизоридошта суръати афзоиши нархҳои истеъмолӣ соли равон камтар шуданд. Аввали соли равон БМТ мизони таваррум аз рӯи натиҷаҳои соли равонро дар сатҳи 10,2% пешгӯӣ карда буд.
«Барои ноил гардидан ба ин натиҷаҳо мо иқдомоти муайяне, аз ҷумла меъёри бозтамвилро аз 9,80% то 6,50%-и солона поин бурда талабот ба захираҳои ҳатмии бонкҳоро низ ба андозаи 2% коҳиш додем», - гуфта буд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки соли 2010 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 9,8% ва аз рӯи натоиҷи соли 2011 – 9,3%-ро ташкил дода буд.
Бонки миллӣ мизони таваррум дар соли равонро дар сатҳи 9% пешгӯӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста