Соли 2012 аз ҷониби воҳидҳои Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» беш аз 14,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 қариб 4% зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик», дар маҷмӯъ ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ дар 2012 нисбат ба соли 2011 ба миқдори 524 млн.кВт/соат зиёд шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ширкати «Барқи Тоҷик» дар соли 2012 хариди энергияи барқро асосан аз ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» ва «НБО-и Сангтӯда-2» дар ҳаҷми умумии ҳудуди 2,4 млрд. кВт/соат амалӣ намудааст, ки ин барои то қадри имкон кам намудани норасоии барқ дар фасли зимистон мусоидат менамояд.
Ба ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» 83,1 ва «НБО-и Сангтӯда-2» - 19,4 млн. сомонӣ маблағи истифодаи барқ пардохт шудааст. Айни замон маблағи қарзи ширкат дар назди ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» - 320,1 млн. сомонӣ, «НБО-и Сангтӯда-2» - 50 млн. сомонӣ ва қарзҳо аз андоз – 251 млн. сомониро ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, ба 1 январи соли 2013 қарзи умумии дебитории Ширкат аз ҳисоби энергияи барқ ва гармии аз ҷониби муштариён истифодашуда 714,6 млн.сомониро ташкил медиҳад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти интиқоли барқи 220 кВ «Сангтӯда-1 – Пули Хумрӣ» ва бастани шартномаи фурӯши энергияи барқ бо Ширкати «ГЭС-Энерго Алматы»-и Қазоқистон, ҳаҷми содироти энергияи барқи изофагӣ дар мавсими баҳору тобистон афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ дар соли 2012 ба 666,7 млн.кВт.соат баробар шудааст, ки ин нисбат ба соли 2011 ба миқдори 476,8 млн.кВт.соат зиёд аст.
Дар ширкати «Барқи тоҷик» таъкид мекунанд, ки содироти барқ ба хориҷи кишвар асосан дар мавсими тобистон сурат мегирад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста