Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ тӯли ду соли наздик баҳри барқарор ва таҷдиди шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сифати қарзу бурс 22,2 млн. евро маблағ ҷудо мекунанд.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ муомини вазири молияи кишвар Руҳулло Ҳакимов изҳор намуд, ки бо истифода аз ин маблағ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» беш аз 100 ҳазор адад ҳисобкунакҳои барқии услуби кори пешпардохт харидорӣ ва насб карда мешаванд.
«Ғайр аз ин, маблағҳо ба азнавсозии шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ивази трансформаторҳо равона хоҳанд шуд», - гуфт ӯ.
Дар идома номбурда зикр кард, ки аз ҳаҷми умумии маблағи ҷудошуда ҳудуди 6,3 миллион евро воситаҳои бурсӣ буда, боқимондааш қарзи имтиёзнок аст.
Дар ин робита вакили парлумон Шодӣ Шабдолов аз вазъи ташвишовари низоми энергетикии кишвар ва ба ҳеҷ гуна меъёрҳои банулмилалӣ ҷавобгӯ набудани он ҳарф зада, изҳори боварӣ кард, ки воситаҳои мазкур баҳри ба тартиб овардани низоми энергетикии ҳадди ақал як шаҳру ноҳия мусоидат хоҳанд намуд.
«Ман ҳамчун энергетики касбӣ огаҳам, ки зимни истифодаи барқ талафоти техникӣ мавҷуд аст, лекин ба ҳеҷ гунае намефаҳмам, ки ба истилоҳ талафоти тиҷоратӣ беш аз 3 млрд. кВт/соатро ташкил диҳад ва барои шахсони камогоҳ аз ин масъала мефаҳмонам, ки талафоти тиҷоратӣ ин дуздӣ аст. Умедворам, ки истифодаи оқилонаи ин маблағҳо вазъи бахши мазкурро ба куллӣ беҳтар хоҳад кард», - иброз дошт Ш.Шабдолов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста