Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон 3 млрд. 595,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ин бора дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» («Мониторинг и раннего оповещения в Таджикистане»), ки ҳар моҳ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои ҷумҳурӣ таҳия мегардад, иттилоъ дода мешавад.
Гуфта мешавад, ин ҳаҷм қариб 48%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар соли 2012-ро ташкил медиҳад, ки соли гузашта ба зиёда аз 36,1 млрд. сомонӣ (ҳудуди 7,6 млрд. $) баробар шуд. Моҳи декабри соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон каме бештар аз 302 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи ноябри соли 2011 ба андозаи 10,8% зиёдтар аст.
«Дар баробари афзоиши муҳоҷирати корӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ низ нисбат ба 10 соли гузашта бештар хоҳанд шуд», - зикр мегардад дар гузориш.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли 2011 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишвар беш аз 2,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 ба андозаи 33 фоиз зиёдтар аст.
Дар ҳамин ҳол, бо такя ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар гузориш зикр мегардад, ки соли 2012 ҳудуди 878 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр карда, каме бештар аз 673 ҳазор нафар ба ватан баргаштаанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бошад, айни замон дар қаламрави Русия беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Сардори Раёсати таҳқиқи мушкилоти бахши иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Фирӯз Саидов бар ин назар аст, ки сол то сол шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳоли афзоиш буда, дар ин робита, метавон тахмин зад, ки дар баробари он ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ низ афзуда хоҳанд шуд.
«Ғайр аз ин, тадриҷан раванди мутобиқшавии муҳоҷирони тоҷик ба ҳаёти ҷомеаву иқтисоди Русия ҷараён дошта, агар қаблан 70%-и шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия асосан ба кори ба истилоҳ «сиёҳ» машғул буданд, имрӯз шумори чунин коргарон миёни муҳоҷирони тоҷик на бештар аз 20%-ро ташкил медиҳад, ки ҳамаи ин ба афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ мусоидат мекунад», - гуфт номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста