Аз ин ба баъд тамоми созишномаҳои сармоягузорӣ, ки миёни ҳукумати Тоҷикистон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ба имзо мерасанд, бояд ҳатман аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар ба тасвиб бирасанд. Чунин шартҳо дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» дарҷ ёфта, он дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукумати ҶТ Давлаталӣ Саидов зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон изҳор намуд, ки бо назардошти аҳамияти созишномаҳои сармоягузорӣ барои Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ барои ба сармоягузорон пешниҳод намудани имтиёзҳо ҳуқуқ дорад.
«Ман мутмаинам, ки қабули қонуни мазкур дар самти гузариши иқтисодӣ миллӣ ба марҳилаи нави рушд иқдоми ҷиддие хоҳад буд», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» ҳамчунин ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба бахши азхудкунии боигариҳои зеризаминии ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
«Мувофиқи бандҳои қонуни нав, аз ин ба баъд барои азхудкунии боигариҳои зеризаминӣ чун имрӯз дигар иҷозатнома дода нашуда, балки созишшнома ба имзо мерасад, ки дар он ҳатман масоили ҳифзи муҳити зист, шароити кор ва ҳифзи иҷтимоӣ ба инобат гирифта хоҳанд шуд», - афзуд номбурда.
Вакилони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ лоиҳаи қонуни мазкурро якдилона маъқул шумориданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста