Ширкати «Тоҷик Эйр» аз ҳукумати кишвар бекор кардани қарзҳои пайдошуда пас аз таҷдиди сохторро дархост хоҳад намуд.
Мудири кулли ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор кард, ки феълан ширкат аз фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд мутаносибан – 27 млн. ва 14 млн., КВД «Тоҷикаэронавигатсия» - 8 млн. ва Ширкати таъминоти сӯзишворӣ – 17,5 млн. сомонӣ қарздор аст.
«Пардохти ин қарзҳо ба муҳлати аз 3 то 7 сол боздошта шуда, мо аз эътибор соқит кардани қарзҳоеро дархост хоҳем кард, ки пас аз таҷдиди сохтори ширкат ба мо мерос монданд ва ғайр аз ин, боз қарзҳои баҳсие низ мавҷуданд, ки муҳлати баррасиашон кайҳо гузашта, мо хоҳони онем, ки ин қарзҳо зимни натиҷагирӣ аз фаъолият ба инобат гирифта нашаванд», - гуфт ӯ.
Дар робита ба қарз аз истифодаи сӯзишворӣ номбурда зикр кард, ки ояндаи наздик ин масъала тариқи қарз гирифтан ё бо дигар роҳ ҳаллу фасл хоҳад шуд. «Мо кӯшиш мекунем, ки ҳавопаймоҳо доимо дар парвоз бошанд, зеро ин ягона сарчашмаи даромади мо буда, пас аз таҷдид мо қисматҳои даромадовари ширкатро аз даст додем», - афзуд Фирӯз Ҳамроев.
Ёдрас мекунем, ки соли 2008 бо қарори ҳукумати кишвар ва тавсияи Бонки ҷаҳонӣ сохтори ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» мавриди таҷдид қарор гирифта он ба воҳидҳои мустақил – «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе», «Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд», «Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб», «Фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа» ва ҳамчунин «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ», КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва корхонаи таъмини парвози ҳавопаймо (Бортпитание) тақсим шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста