Мудири кулли ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев имрӯз зимни нишасти хабарӣ аз эҳтимоли коҳиши ҳайати шахсии ширкат ба андозаи 30% дар ояндаи наздик иттилоъ дода, изҳор дошт, ки ин ихтисор ба ҳайати техникӣ ва халабонону кормандони таъмини парвози ҳавопаймоҳо дахл нахоҳад дошт.
«Айни замон дар ширкат 720 нафар фаъолият дошта, минбаъд сохтор бозбинӣ ва дар заминаи ҳавопаймоҳои феълан мавриди истифода қарордошта ба роҳ монда мешавад, ки айни замон аз 36 адад ҳавопаймои дар тавозун мавҷудбуда аз 12 адад ҳавопаймо иборатанд», - гуфт вай.
Ба қавли мудири кулли ширкат, ахири соли 2012 ҶСК «Тоҷик Эйр» бинобар сабаби камдаромадиву худнокифо будан ва беҳбуди вазъи молиявии корхона, аз роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо ба сатҳои Исломободу Боку ва Деҳливу Дубай даст кашидааст.
«Мо эътироф мекунем, ки феълан вазъи ширкат он қадр хуб нест, вале ин ҳамааш муваққатӣ аст. Соли гузашта ҳиссаи «Тоҷик Эйр» дар ҳаҷми умумии ҳамлу нақл 20,6%-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба андозаи 7,7% камтар аст», - гуфт ӯ.
Фирӯз Ҳамроев ҳамчунин изҳор намуд, ки миқдори ҳамлу нақли мусофирон низ аз 471,2 ҳазори соли 2011 дар соли гузашта то ба 422,3 ҳазор нафар коҳиш ёфта, ҳамаи ин омилҳо ба вазъи молиявии ширкат таъсири манфӣ гузоштаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста