Чанде қабл зимни мулоқоти вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сян Жун масъалаи бо ҷалби сармоягузории чинӣ таъсис додани корхонаи муштараки бофандагии Тоҷикистону Чин баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноати сабук, аз ҷумла коркарди пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва имконияти бунёди як корхонаи нав дар шаҳри Душанбе бо истифодаи технологияи ҳозиразамон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон барои рушди саноати сабук ва таъсиси корхонаи муштараки бофандагӣ шароитҳои мусоид, аз ҷумла фазои мусоиди сармоягузорӣ, дастрас будани ашёи хом, бахусус нахи пахта, қувваи арзони корӣ, нерӯи барқ ва ҳамчунин захираи кофии ашёи хом фароҳам оварда шуда, баҳри ҳимояи сармоягузорон заминаи дахлдори қонунгузорӣ мавҷуд аст.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 417 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда, аз он беш аз 134 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шуд. Дар корхонаҳои коркарди нахи пахтаи кишвар аз ин миқдор зиёда аз 10,2 ҳазор тонна нахи пахта коркард шудааст, ки ҳамагӣ 7,7% аз ҳаҷми умумии маҳсулотро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста