Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ изҳор кард, ки Созишнома оид ба таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ миёни Тоҷикистону Русия моҳи феврали соли равон дар ҷараёни сафари муовини аввали наххуствазири Русия Игор Шувалов ба Душанбе ба тасвиб мерасад.
Ба гуфтаи вай, дар бандҳои 6 ва 7-и созишнома манъи дубораи маҳсулоти нафтии Русия аз ҷониби Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм ва пас аз 60 рӯзи баъди имзои созишнома мавриди амал қарор гирифтани он сухан мерафт. «Пас аз гуфтушунид мо ба мувофиқа расидем, ки созишнома дарҳол баъди ба имзо расидан мавриди амал қарор гирифта, Тоҷикистон шарти Русия оид ба манъи содироти дубораи маҳсулоти нафтӣ ба кишварҳои сеюм (реэкспорт)-ро қабул кард», - иброз дошт Г.Шералӣ.
Вазир зикр кард, ки ба Тоҷикистон дар як сол бидуни пардохти боҷи содиротӣ дар ҳаҷми 1 млн. тонна маҳсулоти нафтии Русия ворид мегардад ва ҳаҷми аз ин боло бо назардошти боҷи содиротии аз ҷониби ҳукумати Русия ҳар моҳ муқаррашуда дастрас хоҳад гардид.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябри соли равон миёни Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Қобили зикр аст, ки давоми соли 2012 ба Тоҷикистон 372 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 68 ҳазор тонна зиёдтар аст. Дар бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон ҳиссаи Русия – 55,3, Туркманистон – 17,2, Қирғизистон – 13 ва Ӯзбекистон – 0,002%-ро ташкил медиҳад.
Ба ҳисоби миёна арзиши як тонна маҳсулоти нафтии ба Тоҷикистон аз Қирғизистон воридшуда – 913, аз Русия – 1 ҳазору 199, Туркманистон – 1 ҳазору 172 ва Ӯзбекистон 1 ҳазору 44 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста