Чанде қабл зимни мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов ва намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Си Си Ю масъалаи амалисозии лоиҳаҳои аз ҷониби бонк дар ҷумҳурӣ маблағгузоришуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ вазир зикр кардааст, ки маблағи умумии лоиҳаи «Рушди манотиқи деҳот», ки аз моҳи сентябри соли 2007 амалӣ мегардад, 23,3 млн. $ (беш аз 102,5 млн. сомонӣ)-ро ташкил медиҳад ва анҷоми амалисозии он дар ноҳияҳои санҷишии Ваҳдат, Файзобод, Рӯдакӣ, Роғун ва Варзоб то 31-уми марти соли 2014 дар назар буда, татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» дар арафаи анҷомёбист.
Дар навбати худ, Си Си Ю аз ҷараёни роҳандозии ислоҳот дар бахши кишоварзии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кардааст, ки бо анҷоми амалисозии лоиҳаҳо БОР мониторинги натиҷаҳои онро баргузор менамояд. «Ояндаи наздик таҳия ва имзои барномаи нави ҳамкории БОР ва Тоҷикистон дар назар аст», - изҳор кардаааст намояндаи доимии БОР дар ҶТ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста