Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ба муносибати ба анҷомрасии фаъолияти сесолаи худ, ки ба бунёди асоси бозори ҳуқуқи истифодабарандагони замин равона гардидааст, як чорабинӣ доир намуд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан М. Эллиотт ва муовини сарвазири ҳукумати Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ Эллиотт таъкид кард, ки: «Ислоҳоти замин қисми таркибии рушди бахши кишоварзӣ аст ва кафолати ҳуқуқҳои деҳқонон ҳам дар ин самт омили асосии рушди минбаъдаи ин соҳа мебошад. Дар мавриди боварӣ ҳосил намудани деҳқонон, ки ҳуқуқҳои заминистифодабарии онҳо кафолат дода шудааст, онҳо бештар ба сармоягузории дарозмуддат ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва даромаднокии замин мароқ зоҳир хоҳанд намуд».
Лоиҳаи USAID аз оғози фаъолияти худ ба таҳким ва ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони замин, рушди замина ва сохторҳои бозори ҳуқуқи истифодабарандагони замин бо роҳи пешниҳоди дастгирии техникӣ, барномаҳои омӯзишӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма равона шуда буд.
Лоиҳа ҳамчунин кӯшиши ҳукумати Тоҷикистонро дар қабули асноди ҳуқуқии нав ва сиёсати он, ки ба принсипи “озодии хоҷагидорӣ” ва самаранок амалӣ сохтани ислоҳоти замин бо мақсади бунёди бозори ҳуқуқи заминистифодабарӣ асос ёфта буд, дастгирӣ намуд. Бозори амалкунандаи ҳуқуқи истифодабарии замин имконияти рушди самаранок, пурмаҳсул ва дарозмӯҳлати заминро фароҳам меоварад.
Лоиҳаи USAID ҳамчунин ба деҳқонон оиди ҳуқуқҳои онҳо ба замин тавассути маҷмӯаи барномаҳои омӯзишӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори умум маълумот пешниҳод намуд, аз он ҷумла тавассути машваратҳои ҳуқуқӣ кӯмаки ҳуқуқӣ пешниҳод намуд ва тавассути барномаҳои омӯзиши техникии намояндагони мақомоти маҳаллии давлатӣ, судяҳо, прокурорҳо ва адвокатҳо оиди масъалаҳои замин волоияти қонунро дастгирӣ намуд. Дар давоми се соли фаъолияти лоиҳа беш аз 107 000 ҳазор нафар шаҳрвандон бевосита аз кӯмаки он баҳраманд шуданд.
Барномаҳои USAID аз соли 2004 ба ҳукумат дар пешбурди сиёсат оид ба замин ва таҳияи асноди ҳуқуқӣ кӯмак менамояд. Ислоҳоти замин дар Тоҷикистон қисми таркибии ташаббусҳои Ҳукумати ИМА оид ба амнияти озуқа ва ғизои мукаммал таҳти унвони “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ба ҳисоб меравад. Ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” дар Тоҷикистон ба бартараф намудани сабабҳои асосии гуруснагӣ ва фақр тавассути вусъатдиҳии рушди фарогири соҳаи кишоварзӣ ва беҳбуд бахшидан ба ғизогирии мукаммали аҳолӣ, аз ҷумла, занону кӯдакон, дар 12 ноҳияҳои вилояти Хатлон равона гардидааст.
Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин дар Тоҷикистон, яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакдиҳандаи USAID мебошад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиард доллари ИМА ироъа намуд.




18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста