Корҳои сохтмонӣ оид ба таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон моҳи феврали соли равон оғоз меёбанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик бо ширкати байнулмилалии консалтингӣ ҷиҳати назорат аз болои ҷараёни сохтмон ва идоракунии лоиҳа қарордод ба имзо мерасад, ки барои лоиҳаҳои аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ маблағгузоришуда шарти ҳатмӣ мебошад.
Ба қавли вазири нақлиёт, паймонкори кулли сохтмон ширкати сохтмонии «Бейсинг»-и Чин интихоб гардида, ҳамаи техникаи зарурӣ ворид ва корҳои омодагӣ ба анҷом расида, корхонаи бетонбарорӣ низ омодаи кор аст. «Дар чунин шароит лоиҳаро метавон на дар муддати 3 соли пешбинишуда, балки дар муҳлати 2,5 сол амалӣ сохт», - таъкид намуд Н.Ҳакимов.
Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли гузашта Бонки осиёгии рушд (БОР) эълом дошт, ки барои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн. доллари ИМА бурс ҷудо мекунад.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 136 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун шарики молиявӣ дар ҳаҷми 22 млн. $ сармоягузорӣ ва Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба рушди байнулмилалӣ ба маблағи 14 млн. $ қарз ҷудо мекунад. Вазорати нақлиёт иҷрокунандаи лоиҳаи мазкур маҳсуб гардида, анҷоми он соли 2016 дар назар аст.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур таъмиру азнавсозии роҳ, беҳбуди низоми дренажӣ ва пулҳо, беҳтар намудани вазъи бехатарӣ, беҳбуди зербинои посгоҳи марзии «Саразм», вазъи роҳҳои васлшаванда, иншооти таъиноти истифодаи умум ва омӯзиши аҳолии маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.
Корҳои таъмиру азнавсозии лоиҳа 11 адад иншооти назди роҳ, аз ҷумла 3 манзили зистро низ фаро мегиранд, ки барои он аз ҷониби ҳукумат дар ҳаҷми 200 ҳазор доллари ИМА воситаҳои пардохти ҷуброн ҷудо карда шудаанд.
Роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон бо масофаи 113 километр қисмате аз Роҳи қадимаи абрешим аст. Он қад-қади дарёи Зарафшон ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакентро убур намуда, то марзи Ӯзбекистон мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста