Зимни нишасти хабарӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров изҳор намуд, ки бекор шудани лимити истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ ба сатҳи маҷрои дарёи Вахш вобаста аст.
Ёров зикр кард, ки нисбат ба соли гузашта имсол вазъ беҳтар буда, айни замон захираи об дар обанбори Норак аз «нишондиҳадаи ниҳоӣ» 25 метр, яъне 1,84 метр баландтар нисбат ба соли гузашта аст. «Ин маънои онро дорад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта айни замон мо тахминан 150 млн. кВт/соат зиёдтар нерӯи барқ дорем», - иброз дошт вай.
Ба қавли раиси ширкат, захираҳои об дар нерӯгоҳи Норак тавре истифода мегарданд, ки ногаҳон ҳолати ғайримунтазира дучор наояд ва гузаштан аз давраи тирамоҳу зимистон ба давраи баҳору тобистон бе мушкилӣ сурат гирад. «Тибқи мушоҳидаҳои чандинсола, ҳамасола 10-уми апрел сатҳи оби обанбори Норак ба нишондиҳандаи зарурӣ расида, пас аз ин ҷумҳурӣ пурра бо нерӯи барқ таъмин карда мешавад», - гуфт Ёров.
А.Ёров зикр кард, ки ба ҳар ҳол, ҳамааш ба обуҳаво вобаста аст, зеро лимити барқ соли 2010 – 19 март, соли 2011 – 17 апрел ва соли гузашта – 1 апрел бекор шуда буд. «Солҳое низ буданд, ки сатҳи об аввалҳои моҳи май ба нишондиҳандаи зарурӣ расида буд», - гуфт номбурда.
Раиси ширкат афзуд, айни замон истеъмолгарони асосии нерӯи барқ Ширкати алюминии тоҷик (14 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз) ва шаҳри Душанбе (11 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз) мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 7-уми октябри соли гузашта дар манотиқи кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид. Тибқи лимит пешбинӣ шуда буд, ки манотиқи ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 14 соат – аз соати 4 то 10-и субҳ ва аз 16 то 24 шом бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ба шаҳру марказҳои ноҳия бошад, интиқоли мунтазами нерӯи барқ дар назар буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста