Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, узви Кумитаи парлумон оид ба иқтисод ва молия Исмоил Талабаков дар робита ба аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон аз аввали моҳи феврал ба муомилот баровардани тангаҳои арзишашон 1 ва дирам изҳор намуд, ки ин амал аз мантиқ дур аст.
Ба эътиқоди вакил, ҳама гуна тангаи ба муомилот бароварда бояд хароҷот барои истеҳсоли онро пӯшонад, аммо тангаҳои арзишашон 1 ва 2 дирам ба ин талабот ҷавобгӯ нестанд.
«Ғайр аз ин, ба ҳама маълум аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон бо ин тангаҳо чизе харида наметавонӣ ва шаҳрвандони мо аксаран дар мағозаву бозор ва нақлиёт ҳатто бақияи 20-40 дирамии худро бозпас гирифта наметавонанд. Дар ин ҳолат ба муомилот баровардани ин тангаҳоро ба ҳеҷ гунае наметавон шарҳ дод», - таъкид кард Талбаков.
Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ин тангаҳо дар Қазоқистон истеҳсол шуда, теъдоди истеҳсоли онҳо сирри бонкӣ аст. Тангаҳои номбурда дар қатори тангаҳои филизии барориши солҳои 2001, 2006 ва 2011, ки айни замон дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста