Корҳои пармакунӣ дар чоҳи ҷустуҷӯии «Шаҳринав-1п»-и майдони нафтугаздори Сариқамиш ба марҳилаи ниҳоӣ расиданд.
Бино ба маълумоти ширкати Gazprom International, дар ҷараёни корҳои пармакунии чоҳ дар чуқурии 5 ҳазору 563 метр корҳои насбу мустаҳкамсозии сутуни истифодабарӣ ба итмом расида, тамоми амалиёти технологӣ бидуни камбуду норасоӣ ва ҳолатҳои ғайримунтазира анҷом дода шудааст. Ҳамин тариқ, аз чуқурии нақшавии 6,3 ҳазор метр дар чоҳи «Шаҳринав-1п» 5 ҳазору 563 метр чуқурӣ парма шуда, иҷрои корҳо дар он зиёда аз 90%-ро ташкил медиҳад.
Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.
Ёдрас мекунем, ки ширкати русиягии Gazprom International 7-уми декабри соли 2010 ба корҳои пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» оғоз карда, анҷоми корҳо ахири соли 2012 тарҳрезӣ шуда буд, вале бинобар сабаби пайдо гардидани баъзе мушкилот дар ҷараёни кор вақти бештаре лозим шуд.
Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Чуқурии лоиҳавии чоҳи «Шаҳринав-1п» 6 300 метрро ташкил медиҳад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ чуқуртарин чоҳи пармакунанда маҳсуб меёбад.
Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Аз рӯи натиҷаҳо соли 2012 дар Тоҷикистон 1,8 млн. метри мукааб газ истихроҷ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста