Пас аз ҳабси чандмоҳа ду адад чархболи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз Афғонистон баргардонида шуданд.
Директори генералии ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев дар ин робита зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки пас аз хизматгузории техникӣ чархболҳо боз мавриди истифода қарор мегиранд.
«То охир вазъро ба мо шарҳ надоданд, вале ин нофаҳмиҳои миёни ҳукумати Афғонистон ва ширкати хусусии «Суприм» аст, ки чархболҳои мо ва якчанд ширкатҳои дигар дар он фаъолият доштанд», - иброз дошт вай.
Ёдрас мекунем, ки нимаи тобистони соли гузашта ҳукуматдорони Афғонистон ду адад чархболи Ми-8 -и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо 12 нафар ҳайати халабонону кормандони техникиашро боздошт намудаанд. Онҳо тибқи қарордод дар Афғонистон фаъолият доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста