Имрӯз дар толори конфронсии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бахшида ба натоиҷи пажӯҳиш оид ба «Индекси ошкории буҷет» ва тавсияҳои МББ оид ба беҳ кардани он мизи гирд баргузор шуд.
Мизи гирд аз ҷониби Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо ҳамшарикии Вазорати молияи Тоҷикистон ва мусоидати молиявии Ташкилоти «Мушорикати буҷавии байналмилалӣ» созмон дода шуд.
Дар кори мизи гирд намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд.
Ба гуфтаи муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Шавкат Соҳибов ҳарчанд сифати ислоҳот ба ҷалби ҳарчи бештар ва манфиатдории ҳар як узви ҷомеа вобаста бошад ҳам, худи равандҳои буҷетӣ дар Тоҷикистон ба таври кофӣ пӯшида аст. «Аз ин нуқтаи назар, воситае чун кушодагии буҷети давлатӣ барои мо хеле муфид аст», - гуфт вай.
Директори иҷроияи Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Зӯҳро Ҳалимова зикр кард, ки нисбат ба Индекси ошкор будани буҷет эҳсосот метавонанд гуногун бошанд ва зимни назардошти кушода будани буҷет сухан сари иштироки фаъоли аҳли ҷомеа дар баррасии он меравад. «Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бидонад, ки андози пардохтааш ба куҷо равона мегардад ва даромадашро чӣ гуна истифода мебарад», - иброз дошт вай.
Аз рӯи натиҷаи мизи гирд таҳияи лоиҳаи қарор оид ба иқдоми минбаъда, ки ба амалӣ кардани тавсияҳои Ташкилоти «Мушорикати буҷавии байналмилалӣ» оид ба беҳ кардани Индекси ошкории буҷет равона шудаанд, дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста