Дар сомонаи расмии ширкати бритониёии Kryso Resources PIc иттилоъ дода мешавад, ки муҳлати анҷоми сохтмони корхонаи истихроҷи тило дар кони «Покруд» (112 километрии шимолу шарқи Душанбе) ба вақти номуайян мавқуф гузошта мешавад.
«Сохтмони кони зеризаминӣ ва зербинои ба он марбут дар Покруд дар муҳлати пешбинишуда, яъне моҳи марти соли 2014 ба итмом намерасанд», - гуфта мешавад дар хабари ширкат.
Дар ҶДММ «Покруд» дар Тоҷикистон иттилои мазкурро тасдиқ намуда, дар ин робита директори ширкат Абӯалӣ Исматов изҳор намуд, ки сабаби тамдиди муҳлати анҷоми сохтмони корхонаро мутахассиони ширкат ба мушкилгузар будани минтақаи кӯҳистон (баландии то 2 ҳазор метр) ва шароитҳои душвори кор дар фасли зимистон нисбат додаанд. «Бо фаро расидани мавсими гармӣ корҳои асосӣ дар майдони сохтмон шурӯъ мешаванд», - гуфт ӯ.
Дар навбати худ, ширкати Kryso ба идомаи сохтмони кон ва иқтидори он итминони комил дода, вале дар бораи муҳлати нави анҷоми сохтмон ва оғози истеҳсоли тило дар он мушаххасан хабар намедиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми сармояи зарурӣ барои рушди корхона 108 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, муҳлати хароҷотбарории лоиҳа ба арзиши тило дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста хоҳад буд. Айни замон сохтмон комилан 100% аз ҷониби ширкати Kryso бо ҷалби мутахассисони тоҷик маблағгузорӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки иқтидори аввалияи корхона истихроҷи 600 ҳазор тонна маъдан ва 2 тонна тило дар як солро ташкил хоҳад дод. Ҳамчунин нуқра низ истихроҷ хоҳад шуд. Дар таркиби маъдани ин кон тило 4,43 грамм дар як тоннаро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки дар миқёси ҷаҳон дар сурати дар маъдани кон мавҷуд будани таркиби 0,8 грамм тило дар як тонна маъдан, ин кон ояндадор арзёбӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста