Рӯзи панҷшанбе ба парки техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 50 адад вагонҳои нави замонавии боркаш ворид гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов хабар дод, вагонҳои нав аз корхонаи вагонсозии Крюковои Украина оварда шуда, ҳаҷми борбардории ҳар кадоме аз вагонҳо 70 тоннаро ташкил медиҳад.
«Аввали сол мо бо корхонаи Крюково барои дастрасии 100 адад вагони боркаш қарордод ба имзо расонида, миқдори аввали он иборат аз 50 вагон феълан ва 50 адад вагони боқимонда ояндаи наздик ворид мегарданд», - иброз дошт вай.
Ба қавли Собкалов, давоми соли равон харидории дигар техника низ дар назар буда, ҳамааш ба ҳаҷми даромади корхона вобаста аст.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта корхона 306 адад вагони боркаш, 15 адад вагони мусофирбар ва 306 адад тепловоз дастрас намуда буд. Бо назардошти вагонҳои феълан воридгардида, айни замон парки техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 2 ҳазору 169 вагони боркаш, 432 вагони мусофирбар ва 59 тепловоз иборат аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста