Аз оғози соли равон ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон қариб 2,3 маротиба афзуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон дар кишвар ҶСШК «Ангишт», КФ «Шахтаи «Фон-Яғноб» ва КМ «Анзоб» ба истихроҷ ва коркарди ангишт машғул буда, аз оғози сол дар маҷмӯъ ҳудуди 25 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷода саҳми корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» хеле назаррас буда, то 20 феврали соли ҷорӣ дар он ба миқдори 17,6 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Гуфта мешавад, ҳаҷми фурӯши ангишт аз оғози соли равон зиёда аз 16,1 ҳазор тоннаро ташкил дода, аз ҷумла дар ин давра КВД «Ширкати алюминии тоҷик» 14 ҳазор тонна ангишт харидааст.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба 412 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба миқдори 175 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Айни замон дар саросари кишвар ҳудуди 2 ҳазор нуқтаҳои фурӯши ангишт амал мекунанд. Тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ 154 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолияташонро пурра бо ангишт ба роҳ монданд, ки талаботи умумии солонаи онҳо зиёда аз 200 ҳазор тонна ангиштро ташкил медиҳад.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта моҳи аввали соли равон истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон беш аз ду маротиба афзуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста