Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов оид ба масъалаи суръатбахшии корҳо дар сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон машварати корӣ баргузор намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар ҷараёни машварат нахуствазир муҳим будани сохтмони ин қитъаи роҳи оҳан барои рушди иқтисоди ҷумҳуриро таъкид намуда, изҳор намуд, ки он ба афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва беҳбуди ҳамлу нақли маҳсулот тавассути роҳи оҳан дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Дар машварат зикр гардид, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар қисмати роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон мувофиқи реҷа идома дошта, чанде аз корҳои аввалиндараҷа ба итмом расидаанд.
Муҳиддинов қайд кард, ки Оқил Оқилов ба мақомоти раҳбарии вазоратҳои масъул ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати баррасии лоиҳаи бештар арзонтари сохтмони роҳи оҳан, андешидани тадбирҳо барои имзои шартнома ва ҷустуҷӯву дарёфти воситаҳо дар ҳамдастӣ бо сохторҳои масъули Чин супоришҳо дод.
Ёдрас мекунем, ки масофаи роҳи оҳани ояндаи қисмати Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 46 километрро ташкил медиҳад. Барои амалисозии лоиҳа зиёда аз 120 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Ин роҳи оҳан бидуни убури қаламрави Ӯзбекистон минтақаи марказии кишварро бо вилояти Хатлон пайваста, масофаи роҳро 152 километр кӯтоҳтар мегардонад.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа, арзиши сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 130 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар чаҳорчӯби он сохтмони 18 пули хурду бузург ва 1 нақб бо дарозии 2340 метр пешбинӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста