Дар мусоҳиба ба радиои СММ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов изҳор намудааст, ки ҷараёни пур кардлани обанбори нерӯгоҳи Роғун дар муддати 14 сол амалӣ мегардад, ки он ба таъмини кишварҳои дигар бо об таъсир нахоҳад гузошт.
Вазир зикр кардааст, ки Тоҷикистон обро дар обанбор дар як муддати муайян аз ҳисоби лимит ва захираҳои худ ва ҳамчунин лоиҳаи пур кардани обанбори нерӯгоҳ ҷамоъоварӣ хоҳад кард.
Ҳамчунин Бобокалонов таъкид доштааст, ки оби рӯдхонаи Вахш камтар аз сеяки ҳаҷми рӯдхонаи Амударёро ташкил медиҳад ва ҳатто он ҳам пурра баста намешавад. «Обанбор аз ҳамон қисмати ба Тоҷикистон муқарраршуда муддати якчанд сол тадриҷан пур гардида, тибқи технология низ якбора пур кардани обанбор ғайриимкон мебошад», - иброз доштааст вай.
Қаблан вазири мелиоратсия зикр карда буд, ки доир ба масоили марбут ба оби Амударёву Сирдарё миёни кишварҳои минтақа набояд ҳеҷ мушкилие вуҷуд дошта бошад, зеро Тоҷикистон минбаъд низ тамоми ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтааш дар мавриди таъмини ҷоришавии маҷрои оби зарурӣ ба кишварҳои поёнобро ба иҷро хоҳад расонид.
Ахири моҳи январ вазир дар ҷамъи журналистон иттилоъ дода буд, ки бе ин ҳам Тоҷикистон ҳамасола то 1 млрд. метри мукааб оби ба кишвар ҷудошуда мувофиқи тартиби тақсимоти захираҳои обӣ дар ҳавзаи баҳри Аралро гирифта наметавонад.
«Аз ин рӯ, ба кишварҳои поёноб аз ҳаҷми муқаррарӣ зиёдтар об расида, инро ҳамтоҳои мо ҳам дар кишварҳои поёноб ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мекунад. Имрӯзу оянда Тоҷикистон ҳамсояҳои худро бе об гузоштанӣ нест ва гузашта аз ин, бе об мондани онҳо имконнопазир аст, зеро он амалишаванда нест», - баён карда буд Бобокалонов.
Ёдрас мекунем, ки бо дархости ҳукумати Тоҷикистон айни замон Бонки ҷаҳонӣ тарҳи фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитиву иҷтимоии лоиҳаи нерӯгоҳи барқии Роғунро мавриди таҳқиқу омӯзиш ва баҳогузорӣ қарор додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста