Иттифоқи байнулмилалии алоқаи электронӣ иттилоъ додааст, ки шумори корбарони алоқаи мобилӣ дар саросари ҷаҳон ба 7 млрд. нафар наздик мешавад.
Ба иттилои манбаъ, аз нисф зиёди муштариёни телефонҳои ҳамроҳ дар қитъаи Осиё ба қайд гирифта шудааст. Ахири соли равон 96%-и аҳолии сайёра – 128% дар кишварҳои рушдёфта ва 89% дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта бо алоқаи мобилӣ фаро гирифта мешаванд.
Коршиносони Иттифоқи байнулмилалии алоқаи электронӣ афзоиши шумори минбаъдаи корбарони шабакаи Интернетро таъкид намуда, пешгӯи мекунанд, ки ахири соли ҷорӣ шумори онҳо 2,7 млрд. нафар ё худ 39%-и аҳолии сайёраро ташкил хоҳад дод.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, аввали соли равон шумори корбарони шабакаи Интернет дар Тоҷикистон ба 3,7 млн. нафар расид, яъне аз ҳар 100 нафари аҳолӣ 47 нафар ба Интернет дастрасӣ доранд. Аввали соли 2011 шумори корбарони Интернет дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 800 ҳазор нафар ва аввали соли 2012 аллакай 1,8 млн. нафарро ташкил медод.
Қобили зикр аст, ки аввали соли равон шумори муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ба 8,3 млн. нафар расид, ки 4,7 млн. нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста