Ҷамъбасти натиҷаи моҳи январи соли равон нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз зиёд шудааст.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки мили ҷумҳурӣ аз он ҷумла 2 248,7 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 3 244,6 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил намуданд. Таркиби бақияи қарзҳо аз 64,0 фоиз (ё 3 518,4 млн. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 36,0 фоиз (ё 1 974,9 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ мувофиқан 401,8 млн. сомонӣ (ё 12,9 фоиз) ва 253,5 млн. сомонӣ (ё 14,7 фоиз) афзуданд.
Дар моҳи аввали соли равон фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 25,97 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,99 фоизи солонаро ташкил намуд. Афзоиши ҳаҷми қарзҳои хурди пешниҳодшуда дар ин давра назаррас буда, нисбат ба моҳи январи соли гузашта 56,1 фоиз зиёд гардид.
Аз ин ҳисоб 62,9 млн. сомонии он ҳамчун қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 53,4 фоиз зиёд мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста