Бо анҷоми гуфтушунидҳои беш аз 11-сола, Тоҷикистон расман узви 159-уми Созмони ҷаҳонии тиҷорат эълон гардид.
Дар иттилоияи ба ин муносибат пахшшудаи Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (SECO) директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Питер Микула таъкид доштааст, ки «узвияти Тоҷикистон ба СҶТ ба туфайли иродаи сиёсӣ ва пуштибонии аз ҷониби президент ва ҳукумати ҶТ зоҳиршуда имконпазир гардидаст».
Дар идомаи иттилоия зикр мегардад, ки Швейтсария минбаъд низ ба Тоҷикистон дар амалисозии муқаррароти СҶТ ҳамкорӣ хоҳад кард. «Узвият ба СҶТ бо назардошти омодагӣ ва хоҳиши ҳукумату бахши хусусӣ ҷиҳати амалисозии ислоҳот бар асоси созиши ҷонибҳои асосии манфиатдор бояд ба беҳбуди муҳити тиҷорату сармоягузорӣ мусоидат намояд», - иброз доштааст Питер Микула.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли 2010 дар асоси дархости Тоҷикистон Шӯрои генералии СҶТ дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба узвияти Тоҷикистон ба ин созмон қарор қабул намуд ва ба Тоҷикистон мақоми кишвари нозир дода шуд.
Дар ҷараёни мутобиқгардонии қонунгузории амалкунандаи ҶТ ба меъёрҳои СҶТ ва ташкили заминаи меъёриву ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи ҳуқуқи байнулмилалӣ, ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳия гардида, бо кишварҳои узви СҶТ гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷониба анҷом дода шуданд. Оид ба масоили марбут ба СҶТ беш аз 80 асноди меъёриву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.
Санаи 10-уми декабри соли гузашта президенти Тоҷикистон ва дабири кулли СҶТ протокол дар бораи узвияти Тоҷикистон ба ин созмонро ба имзо расониданд ва 9-уми январи соли равон парлумони ҷумҳурӣ ин протоколро тасдиқ намуда, ахири моҳи январ он ба Котиботи СҶТ фиристода шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки зимни тасдиқи протоколи мазкур дар палатаи поёнии парлумон, намояндаи мардумӣ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов муқобили тасдиқи он ибрози назар намуда, андешаи худро бо он асоснок намуд, ки мувофиқи ин протокол иқтидорҳои асосии кишвар хусусӣ гардонида мешаванд ва ин ба камбизоатии мардуми тоҷик боис мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста