Шурӯъ аз 7-уми март ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо ба пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Бокуро дубора барқарор мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, парвозҳо рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта соати 22:30 бо вақти маҳаллӣ тавассути ҳавопаймои навъи Боинг-737 сурат гирифта, муҳлати парвоз 2 соату 30 дақиқа ва арзиши билет барои як тараф аз 240 евроро ташкил медиҳад. Парвозҳо аз Боку ба Душанбе субҳи рӯзи ҷумъаи ҳар ҳафта анҷом дода мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, парвозҳо тавассути ин хатсайр танҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. Ширкатҳои озарбойҷонӣ алҳол аз анҷом додани парвозҳо бо ин хатсайр худдорӣ кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли 2012 ширкати «Тоҷик Эйр» парвози нахустини ҳавопаймо тавассути хатсайри Душанбе-Бокуро анҷом дода, вале бинобар сабаби норасоии мусофирон ва дархостнопазир будани хатсайр дарҳол парвозҳо қатъ шуда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста