Имрӯз зимни вохӯрӣ бо занон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба макомоти дахлдор супориш дод, ки лимити истифодаи барқ дар манотиқи ҷумҳурӣ комилан бекор карда шавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ШХСК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, имрӯз, 7-уми март дар саросари кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ пурра барҳам дода мешавад.
Сухангӯи ширкат хотиррасон намуд, ки даҳаи аввали моҳи октябри соли гузашта дар манотиқи Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардида буд. Дар моҳҳои декабр ва январ вобаста ба зиёд будани талабот бо нерӯи барқ, сокинони кишвар то 6-7 соат, шурӯъ аз 11 феврал то 9 соат, аз 25-уми феврал то 12 соат ва аз 5-уми март то 18 соат барқ мегирифтанд.
Н,Ёдгорӣ зикр кард, ки ин иқдом ба нисбатан нарм омадани фасли зимистон ва бо реҷаи дуруст истифода бурдани захираи обӣ-энергетикии кишвар дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 марбут аст.
«Танҳо тайи чанд соли ахир бо мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи Сангтӯда-1, агрегати аввали нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва як қатор нерӯгоҳҳои хурди обиву барқӣ истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар қариб 1 ҳазор мегаватт зиёд шуд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Бахтиёр9 март, 2013 13:32
Салом ба Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон 1000 рахмат аз номи халки Кулоби бостони барои дастгириатон ки лимити истифодаи барқро аз байн бурдед.
мухим нест8 март, 2013 09:15
Ируз бошад бо дар рузи иди Модарон боз дар нохияи Панчакент барк хомуш карда шуд!!!