Дар рейтинги ҷаҳонии кишварҳо оид ба Индекси рақобатпазирии бахши сайёҳӣ дар соли 2013 (Travel and Tourism Competitiveness Index 2013) миёни 139 кишвар Тоҷикистон мақоми 114-умро касб кард.
Дар гузориши таҳлилии Форуми иқтисоди ҷаҳонӣ зикр мегардад, ки дар индекс аз рӯйи 14 нишондиҳанда, аз ҷумла аз заминаи меъёрӣ ва устувории экологӣ то захираҳои фарҳангӣ ва табиӣ баҳогузорӣ мешавад.
Гуфта мешавад, се мақоми аввали рейтингро давлатҳои Швейтсария, Олмон ва Австрия ишғол намуда, миёни кишварҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ Русия зинаи 59-ум ва Қирғизистон мақолми 107-умро касб кардаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, айни замон дар самти сайёҳӣ Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои сайёҳии ҷаҳонӣ муносибатҳоро густариш бахшида, баҳри ҷалби сайёҳон дар кишварҳои хориҷӣ гӯшаҳои махсуси шиносоӣ бо Тоҷикистон таъсис ва дар тамоми конфронсу вохӯриҳои байнулмилалӣ оид ба сайёҳӣ ширкат меварзад.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта 344 ҳазор нафар шаҳрвандӣ хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуданд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 62 ҳазор нафар бештар буда, 245 нафари онҳо бо мақсади саёҳат ба ҷумҳурии мо ташриф оварда буданд.
«Ба ҳар ҳол, баъзе мушкилоте мавҷуданд, ки барои ҷалби сайёҳон онҳоро ҳаллу фасл бояд намуд. Масалан, имрӯз зербинои сайёҳӣ дар кишвари мо ба таври зарурӣ рушд наёфта, бахшҳои хизматгузориву реклама ҳам начандон хубанд», - гуфтанд дар Кумитаи мазкур.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста