Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Исломобод вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов бо раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони сементи Покистон ва роҳбарони корхонаҳои бузурги сементи ин кишвар доир гардид.
Бино ба иттилои намояндагии Душанбе дар Исломобод, ҳайати Покистонро дар ин мулоқот таҳти сарварии роҳбари Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони сементи Покистон ҷаноби Калим Аҳмад Мубин, менеҷери кулли ширкати «Fauji cement» Муҳаммад Иқбол, менеҷерҳои ширкати «Askari cement» Раҷа Ғаюр Ашраф, ширкати «Fecto Cement» Хофиз-ур-Рахмон, ширкати «Lafarge» Тариқ Маҳмуд Раҷа, ширкати «Lucky cement» Аҳмад, менеҷери кулли ширкати «Cherat cement» Аршад Хон ва роҳбарони корхонаҳои сементи «Kohat cement» ва «Maple Leaf cement» намояндагӣ карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масоили истеҳсол ва таҳвили семент, сармоягузорӣ ба сохтмон ва мавриди истифода қарор додани корхонаҳои истеҳсоли семент, тақвият бахшидан ба робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, рушди зербинои васоити ҳамлу нақл ва транзити Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста