Тӯли 2 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гандум ва орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон 107 ҳазору 483,5 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,4 ҳазор тонна камтар аст.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми воридоти орд дар ин давра ба 42,1 ҳазор тонна баробар шуда, дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2012 ба миқдори 59,2 ҳазор тонна камтар мебошанд.
«Бешак сабаби коҳиши воридоти орду гандум дар он аст, ки тайи моҳҳои ахири соли гузашта ширкатҳои воридкунандаи ин маҳсулот нисбат ба ҳаҷми зарурӣ ду баробар зиёдтар орду гандум ворид намуда, талаботи бозорро барзиёд қонеъ карданд ва акнун камбуди ин маҳсулот ба мушоҳида нарасида, талабот чун пештара боқӣ мондааст», - гуфтанд дар вазорат.
Дар ҳамин ҳол, дар дохили ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли орд ва макарон зиёд шуда, дар ин давра корхонаҳои ҷумҳурӣ 194,4 ҳазор тонна орд истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,4 ҳазор тонна зиёдтар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста