Русия ба истифодаи сӯзишвории дараҷаи экологии Евро-3 гузашта, аз ин ба баъд тамоми ҳаҷми сӯзишвории Евро-2-ро барои содирот истеҳсол мекунад. Аз 1-уми январи соли 2013 дар Русия муомилоти сӯзишвории дараҷаи Евро-2 манъ гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз ҳам як қатор корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтии Русия ба истеҳсоли бензини дараҷаи Евро-2 идома дода истодаанд, зеро то ҳанӯз дастгоҳу таҷҳизоти худро барои истеҳсоли бензини дараҷаи Евро-3 омода насохтаанд.
Ба иттилои манбаъ, тамоми ҳаҷми сӯзишвории Евро-2 барои содирот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Афғонистон низ равона мегардад.
«Албатта, баъзан сӯзишвории дараҷаи Евро-3 низ ворид мешавад, вале хеле кам иттифоқ меафтад, зеро он гарон аст. Корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтии Русия шояд то охири ҳамин сол пурра истеҳсоли сӯзишвории дараҷаи Евро-2-ро қатъ созанд», - гуфтанд дар ширкати мазкур.
Бино ба маълумоти «Тоҷикстандарт», айни замон бинобар сабаби арзонӣ ба Тоҷикистон асосан бензини дараҷаи пасти экологии Евро-2 ворид карда мешавад. «Баъди аз ҷониби Русия мавриди амал қарор додани созишномаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ, метавон дар бораи афзоиши ҳаҷми воридоти сӯзишвории Евро-3 ҳарф зад», - иброз доштанд дар мақомоти мазкур.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста