Дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта моҳи январи соли равон тамоили коҳиши назарраси фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, моҳи январ ҳаҷми сармоягузориҳо аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 168,3 млн. сомонӣ (35,3 млн. $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 76,8% баробар аст.
Ба иттилои манбаъ, аксари сармоягузориҳо (37,4%) ба бахши давлатӣ равона шудаанд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба бахши хусусӣ 33,9%, корхонаҳои муштарак – 8,5% ва моликияти хориҷӣ – 20,2%-ро ташкил медиҳанд.
Зимнан зикр гардид, ки аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар ин давра ба бахши энергетика 18,8%-и маблағҳо, аз ҷумла барои сохтмони иншооти энергетикӣ 31,7 млн. сомонӣ (6,6 млн. $) маблағ равона гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста