Моҳи апрели соли равон намояндагони сершумори доираҳои расмӣ ва кории Британияи Кабир ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд-Смит хабар дод, ба ҳайат намояндагони ширкатҳои маъруфи бритониёӣ шомиланд, ки ҷиҳати сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд.
«Ба Тоҷикистон намояндагони ширкатҳои зиёде ташриф оварда, имконоти роҳандозии фаъолият дар ҷумҳуриро баррасӣ хоҳанд кард», - иброз дошт вай.
Ба қавли сафир, пас аз ба узвияти Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ пазируфта шудани Тоҷикистон, таваҷҷуҳи ширкатҳои бритониёӣ баҳри сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ афзуд.
«Аксари ширкатҳои мо ба вазъи иқтисод ва шароитҳои роҳандозии фаъолият дар Тоҷикистон бештар мароқ зоҳир намуда, аллакай беш аз 50 ширкатҳо ба сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ доранд. Ғайр аз ин, ширкатҳое, ки дар минтақа фаъолият доранду идораи кориашон дар Маскав аст, низ ба ин масъала ҳавасманданд», - гуфт сафир.
Робин Орд-Смит зикр кард, ки як қатор ширкатҳои бритониёӣ аллакай ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб шудаанд, вале аз шумори дақиқи онҳо ҳарф гуфтан душвор аст, зеро аксари онҳо дар ҳайати ширкатҳои фаромиллӣ фаъолият доранд.
Дар ҳамин ҳол, дипломати бритониёӣ бар ин назар аст, ки иқтисоди Тоҷикистон бо суръати баланд дар ҳоли рушд қарор дошта, сол то сол муҳити сармоягузорӣ рӯ ба беҳбудӣ меоварад ва асноди нави қабулшудаи қонунгузорӣ дар ин самт ба фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ шароити мусоид муҳайё сохтаанд.
«Албатта, беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар як сатҳи муайяне ба узвияти кишвар дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ марбут буда, вале ин маънои охири корро надорад, баръакс, корҳои зиёде, аз ҷумла минбаъд низ мутобиқ гардонидани қонунҳо ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷиҳати мусоидат ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар пешанд», - афзуд сафир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста