Рӯзҳои 28, 29 ва 30-юми марти соли равон дар маҷмааи давлатии«Кохи Борбад» дар доираи лоиҳаи «Маҳсулоти беҳтарини сол» дар Тоҷикистон бо ширкати ҳудуди 30 корхонаи тавлидкунандаи маводи хӯрока Намоишгоҳ- фурӯши маҳсулоти хӯрока гузаронида мешавад.
Тавре аз ҶДММ «Оила» хабар доданд, дар Намоишгоҳ ташрифовардагон метавонанд маззаи маҳсулоти иштирокчиёнро дар доираи лоиҳаи «Маҳсулоти беҳтарини сол» бисанҷанд ва ҳамзамон бо нархи дастрас онҳоро харидорӣ кунанд. Маросими кушодашавии Намоишгоҳро роҳбарони Вазорати энергетика ва саноат, Палатаи савдо ва саноати ҶТ, масъули татбиқи лоиҳа ҶДММ «Оила» ва дигар намояндаи ширкату корхонаҳои ҷумҳурӣ бо буридани лентаи рамзӣ ҳусни оғоз мебахшанд. Ҷои зикр аст, ки бори аввал беш аз 10 корхонаи тавлидоти маводи хӯрока аз вилояти Суғд дар ин намоишгоҳ иштирок мекунанд.
Ҳадаф аз баргузории лоиҳа дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ, муаррафӣ кардани маҳсулоти онҳо, тарғиби брендҳои ватанӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила мусоидат ба рушди иқтисодиёт дар Тоҷикистон мебошад.
Нашрияҳои «Рекламная газета», «Оила» оҷонсии рекламавии «Тайрон» дар симои ҶДММ «Оила» соли дуввум аст, ки лоиҳаи мазкурро мавриди татбиқ қарор медиҳанд.
Имсол лоиҳаи «Маҳсулоти беҳтарини сол» дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетика ва саноат ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Озмун 1 октябри соли 2012 оғоз ва дар арафаи Ҷашни Наврӯз ҷамъбаст гардид. Ғолибон аз рӯи номгӯйҳо ба бахшҳо тақсим шуда, баҳодиҳӣ ба маҳсулоти онҳо аз рӯи се нишондод - маззасанҷӣ, ки дар Марказҳои савдои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор гардида, дар онҳо муштариён назари худро нисбати маҳсулоти хӯрока баён намуданд, баҳодиҳии мутахассисон ва баҳодиҳӣ аз тариқи рӯзномаҳо ва мактубҳои истеъмолкунандагон сурат гирифт.
Ғолибон санаи 30 марти соли 2013 дар меҳмонхонаи «Хаят Риҷенси Душанбе» дар фазои тантанавӣ ва идона бо Ҷоиза ва Диплом мукофотонида мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста