Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов бо вазири рушди минтақавӣ ва сохтмони Украина, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Геннадий Темник вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Украина, масоили омодагии тарафҳо ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии кишварҳо, ки рӯзҳои 2-4-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, дар маркази таваҷҷуҳи мулоқот қарор доштааст.
Сафир таъкид кардааст, ки сарфи назар аз афзоиши назарраси ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо дар соли 2012 (173,2% нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011), ба сурати умум баҳри боз ҳам бештар ривоҷ додани ҳамкориҳои дуҷониба дар амалисозии лоиҳаҳои мутақобилан судманд ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноату энергетика ва маҳсулоти кишоварзӣ имконоти зиёде мавҷуданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаҳои рушди робитаҳои байниминтақавӣ, густариши ҳамкориҳо дар бахши илму маориф табодули назар сурат гирифта, зикр гардид, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон моҳи июн ба наздикшавии фарҳанги мардум ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин соҳаи муҳим мусоидат менамояд.
Ш.Султонов аз ҳамсуҳбати худ дархост кардааст, ки ба ҳалли ҳарчи зудтари масъалаи барқарор намудани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Киев мусоидат намояд.
Дар навбати худ Г.Темник манфиатдории Украина ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Тоҷикистонро изҳор дошта, изҳори итминон кардааст, ки ҷаласаи қарибулвуқӯъи байниҳукуматӣ дар Душанбе ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Дар робита ба барқарор намудани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Киев, Г.Темник омодагии Украина ба ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе-Киев-Франкфуртро зикр кардааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста