Барои ошкор сохтан ва пешгирии ҳодисаҳои қочоқи маводи сӯзишворӣ, Тоҷикистон ба назорати гумрукӣ дар марз бо кишвари ҳамсояи Қирғизистон тақвият бахшид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, соли равон дар марз бо кишвари ҳамсоя 95 ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ ошкор гардида, тариқи қочоқ ба Тоҷикистон 1 млн. 27 ҳазору 48 литр маводи сӯзишвориро ворид карданӣ будаанд.
«Пас аз ба расмиёти гумрукӣ мутобиқат намудани ин ҳодисаҳо, аз қонуншиканон дар ҳаҷми беш аз 300 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуда, ғайр аз ин, 497,7 ҳазор сомонӣ боҷи гумрукӣ ҷамъоварӣ гардид», - гуфтанд дар хадамот.
Ба иттилои хадамоти мазкур, барои тақвияти назорати гумрукӣ дар марз байни вилояти Суғд ва вилояти Ботканди Қирғизистон ва ҳамчунин дар ағбаи Шаҳристони шоҳроҳи автомобилгарди Хуҷанд-Душанбе гурӯҳҳои зудамал фаъолият мекунанд.
«Андешидани чунин тадбирҳои иловагӣ ба боздошти ҳудуди 600 адад автомашина дар як моҳ имкон дод, ки ғайриқонунӣ маводи сӯзишвориро ба кишвар ворид месохтанд», - гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти оморӣ, соли гузашта дар марз 397 далели қочоқи маҳсулоти нафтӣ (соли 2011 – 176 далел) дар ҳаҷми зиёда аз 58 млн. литр ошкор карда шуд, ки дар муқоиса бо соли 2011 даҳҳо маротиба зиёдтар мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста