Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби калони президенти Бонки ҷаҳонӣ Каушик Басуро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуд.
Аз ҷараёни рушди кунунии иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд, зеро тавре зикр гардид, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ду моҳи соли 2013 7,2% ва таваррум 1,1 фоизро ташкил додааст.
Ёдоварӣ шуд, ки дар тӯли солҳои шарикӣ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бештар аз 690 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ пешниҳод намудааст ва ҳоло лоиҳаҳои зиёди дигар бо харҷи 236 миллион доллар маблағҳои ҷудонамудаи ин бонк татбиқ мешаванд.
Доир ба татбиқи босамари Стратегияи миёнамӯҳлати Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум барои солҳои 2013-2015, аз ҷумла тавассути нигоҳ доштани ҷойҳои мавҷудаи корӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва пешгирӣ аз таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ, гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.
Ҳамчунин доир ба дигар ҷанбаҳои равобити Тоҷикистону Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла роҳҳои мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста