То ҷамъоварии ҳосили гандуми тирамоҳӣ дар Тоҷикистону Қазоқистон, эҳтимоли қавии болоравии нархи орду гандум дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, алҳол тамоили поинравии нарх ба ин маҳсулот дар назар набуда, бо назардошти захираҳои мавҷуда шояд нарх устувор боқӣ монад ё бо назардошти болоравии нарх дар Қазоқистон қимати онҳо андак афзоиш ёбад, чунки ба иллати хушксолӣ соли гузашта дар Қазоқистон аз нақшаи пешбинишуда камтар ҳосил ба даст оварда шудааст.
Аввали моҳи апрел дар бозорҳои пойтахт арзиши як халта орди воридотӣ (50 кг) 150 сомонӣ (30,1 $) ва як халта орди истеҳсоли маҳаллӣ 147 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо давраи аввали моҳи март 1,2% зиёдтар аст.
Қобили зикр аст, ки тӯли 2 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гандум ва орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфт.
Давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон 107 ҳазору 483,5 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,4 ҳазор тонна камтар аст. Ҳаҷми воридоти орд дар ин давра ба 42,1 ҳазор тонна баробар шуда, дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2012 ба миқдори 59,2 ҳазор тонна камтар мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста