Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов президенти консерни Cokey System Co. LTD-и Ҷопон Митсудеру Хироюкиро ба ҳузур пазируфт.
Қобили зикр аст, ки консерни Cokey System муассиси корхонаи муштараки «Аввалин»-и Тоҷикистону Ҷопон дар ноҳияи Қубодиён аст, ки ба коркарди решаи ширинбия ва истеҳсоли кислотаи глисирризин барои тайёр кардани доруҳои қиматбаҳои табобати бемориҳои ҷигар машғул аст.
Зимни мулоқот намоянлагони ширкати ҷопонӣ аз Ғ.Афзалов дархост карданд, ки барои васеъ кардани майдони парвариши ширинбия қитъахои замини иловагӣ ҷудо карда шавад. Раиси вилоят ба меҳмонон якчанд қитъаҳои заминро пешниҳод намуда, ҳамчунин аз онҳо дархост намуд, ки масъалаи ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз решаи ширинбия дар қаламрави вилояти Хатлонро баррасӣ кунанд.
Ёдрас мекунем, ки ҶСП «Аввалин» айни замон нахустин корхонаи муштараки Тоҷикистону Ҷопон аст, ки дар он ҳиссаи Тоҷикистон 51 ва ҷониби Ҷопон 49%-ро ташкил медиҳад. Консерни ҷопонии Cokey System Co. LTD яке аз ширкатҳои муваффақи ҷаҳон дар самти истеҳсоли маҳсулот ва доруворӣ аз решаи ширинбия аст.
Моҳи сентябри соли 2011 дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими мавриди истифода қарор гирифтани ин корхонаи муштарак доир гардида буд. Дар ин корхона аз решаи ширинбия кислотаи глисирризин барои содирот истеҳсол мешавад.
Ширкат дар майдони 2 ҳазор гектар, аз ҷумла 1 ҳазору 444 гектари заминҳои қаламрави ноҳияи Қубодиён ва 433 гектари заминҳои ноҳияи Шаҳритӯс ширинбия парвариш мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста