Чанде қабл дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, дар Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон вохӯрии директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Комилов А.Ҳ. бо вазири рушди минтақавӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Украина, ҳамраиси қисми украинии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Украина Темник Г.П. баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ сафири Украина дар Тоҷикистон Никитюк В.О. низ ширкат варзид.
Тавре аз Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, зимни нишасти дуҷониба ва мулоқоти судманд масъалаҳои вобаста ба пешбурди соҳаи сохтмону меъморӣ, ташкил ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти ташкилотҳои лоиҳакашиву сохтмонии ҳарду ҷониб дар қаламрави ду кишвар, таъмини баробарии ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати ташкилотҳои сохтмонии ҷонибҳо, таъсиси ширкатҳои муштарак, амалӣ гардонидани мубодилаи афкор дар самти гузаронидани сиёсати ягонаи техникӣ ҳангоми якҷоя таҳия намудани лоиҳаву барномаҳо, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин мулоқот тарафҳо бо таҷрибаи кишварҳои худ дар самти пешравии соҳаи сохтмону меъморӣ ибрози назар карда, тасмим гирифтанд, ки барои ҳарчи зудтар ва босамар татбиқ намудани тамоми тавофуқоте, ки ба даст омадаанд, тадбирҳои судбахш амалӣ карда шавад.
Аз натиҷаи мулоқот протоколи ҳамкориҳои байни Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди минтақа, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Украина ба имзо расонида шуд.
Дар интиҳо аз ҷониби Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳмонони олиқадр тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста