Чанде қабл вохӯрии раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ муовини раиси Раёсат Сироҷиддин Икромов ва сардори идораи Муносибатҳои Байналхалқӣ Икром Раҳимов иштирок доштанд.
Тавре аз маркази матбуоти бонки мазкур хабар доданд, зимни ин вохӯрӣ натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2012 дар БДА ҶТ «Амонатбонк» баррасӣ шуд ва ҳамчунин меҳмонон перомуни масъалаҳои рушди соҳа ва роҳҳои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта дар соли 2013 ибрози ақида намуданд. Дар давоми вохӯрӣ масъалаи вазъи иқтисодии минтақа ва таъсири он ба иқтисодиёту молия мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар доираи муҳокимаи барномаи Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои иҷроиши нишондиҳандаҳои назоратӣ оид ба макроиқтисодиёт ва сиёсати молиявӣ баррасӣ шуданд. Масъалҳои дигаре, ки мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифт, ин сиёсати молия ва андоз, мушкилии Бонкҳои ҷумҳурӣ ва роҳҳои ҳалли он буд. Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста