Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе оид ба натиҷаҳои сафари навбатии гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи мазкур Ҷонатан Данн изҳор намуд, ки бинобар сабаби суст шудани суръати афзоиши иқтисоди Русия ва коҳиши ҳаҷми содироти алюминий, суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон то сатҳи камтар аз 7% поин хоҳад шуд, вале фишори таваррумӣ дар ҳамон сатҳи поин боқӣ мемонад.
Ҷ.Данн зикр кард, ки соли гуззашта суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии воқеӣ дар кишвар 7,5%-ро ташкил доданд, ки ба он зиёдшавии назарраси ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ мусоидат намуд.
«Иқтисоди кишвар ба интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон ва воридоти маҳсулот вобастагии зиёд дошта, заминаи содиротӣ ночиз ва ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар ҳоли афзоиш буда, буҷет аз талафоти бонкҳо ва корхонаҳои давлатӣ осебпазир аст», - иброз дошт вай.
Номбурда гуфт, гурӯҳи ХБА ба Тоҷикистон назорат аз болои сатҳи таваррум, амалисозии пайдарпайи ислоҳоти сохторӣ, таҳкими низоми молӣ, назорат ва танзими бонкӣ, тақвияти мустақилияти бонки марказӣ, такмили ҳамоҳангсозии сиёсати пуливу қарзӣ ва андозу буҷет, ба тартиб овардани муносибатҳои молӣ миёни БМТ ва Вазорати молия ва рушди бозори ӯҳдадориҳои давлатии қарзиро тавсия медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста