Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҳамлу нақли бор ба Афғонистон ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар муроҷиат намуд.
Чанд рӯз қабл ронандагоне, ки машғули кашонидани бор ба масофаҳои дуранд, дар назди сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе гирдиҳам омада, аз болоравии нархи хизматрасонии намояндагии дипломатии ин кишвар изҳори норозигӣ карданд.
Ронандагон аз он норозӣ буданд, ки бо сабабҳои номаълум Афғонистон арзиши раводиди Road Post (иҷоза барои вуруди нақлиёти автомобилӣ)-ро боло бурд.
Қаблан вуруди чандинкаратаи нақлиёти автомобилӣ ба Афғонистон 100 доллари ИМА барои ним сол ва боз 90 долларро боҷи давлатӣ ташкил медод. Акнун иҷозаи Road Post барои вуруди яккарата ба 150 доллар дар як моҳ ва боз боҷи давлатӣ ба 30 доллар баробар шудаст.
Иҷоза барои вуруди чандинкарата ба Афғонистон дар 3 моҳ 450 доллар ва боҷи давлатӣ 90 долларро ташкил медиҳад. Раводид барои худи ронанда 130 доллар арзиш дошта, боз 150 доллар боҷи ҳатмӣ барои вуруд ба Афғонистон ситонида мешавад. Ба гуфтаи ронандагон, Road Post-и семоҳа барои онҳо ба 820 доллари ИМА баробар шудааст.
Дар ВКХ ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ карданд, ки ронандагон ба онҳо ҷиҳати ҳалли ин мушкилот бо мактуб муроҷиат намуда, дар ин робита дар вазорат бо иштироки намояндагони Вазорати нақлиёт ва ронандагон машварат баргузор шудааст. «Мо ба ҳамтоҳои афғони худ бо дархости ҳалли масъалаи мазкур муроҷиат намудем», - гуфтанд дар вазорат.
Як манбаъ аз ВКХ ҶТ таъкид кард, ки маблағи арзиши Road Post-ро ҳар як кишвар мустақилона муқаррар мекунад ва дар ин масъала Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя чӣ гуна нарх гузоштанро талқин карда наметавонад. «Мо танҳо мусоидат дар ҳалли масъаларо дархост карда метавонем», - иброз дошт сарчашмаи хабар.
Дар ҳамин ҳол, дар сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон ин маълумотро на тасдиқ карданду на инкор ва ҳамчунин аз шарҳу тавзеҳи болоравии нархҳои хизматгузории намояндагии дипломатӣ худдорӣ варзиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста