Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 23,6 ҳазор тонна афзуда, 41,8 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, имрӯз бақияи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши кишвар ба 3,8 ҳазор тонна баробар буда, давоми 10 рӯзи моҳи апрел ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар 7 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
«Бозори сӯзишвории гази моеъи Тоҷикистон пурра аз гази воридотии Қазоқистон таъмин карда мешавад. Аз оғози сол арзиши ин навъи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза поин рафта, имрӯз нархи 1 литр гази моеъ 2,50-2,90 сомонӣ аст. Дар оғози сол он ба нархи 3,30-3,60 сомонӣ ба фурӯш мерафт», - гуфтанд дар вазорат ва инро ба поинравии нарх дар Қазоқистон (аз 660 $-и соли 2012 то ба 638 $ дар айни замон барои 1 тонна) нисбат доданд.
Дар маҷмӯъ соли 2012 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 81,2 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 28,2 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.
Тибқи маълумоти расмӣ тайи ду-се соли ахир бозори сӯзишвории гази моеъи Тоҷикистон густариш ёфта, ба 40% аз ҳаҷми умумии бозор расид. Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ 16 ширкати тоҷикистонӣ машғуланд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти бензин ба Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфта, агар дар семоҳаи аввали соли 2012 ба ҷумҳурӣ 54,6 ҳазор тонна бензин ворид шуда бошад, пас дар семоҳаи аввали соли 2013 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 25,9 ҳазор тоннаро ташкил дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста