Нахустин ҳайати тиҷоратии Британияи Кабир иборат аз намояндагони 9 ширкатҳои соҳаҳои гуногун имрӯз ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Бино ба иттилои сафорати Британияи Кабир дар ҶТ, намояндагони ҳайат имкониятҳои савдо ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри равнақи ҳамкориҳо бо ҳукумати Тоҷикистон, соҳибкорон ва намояндагии ташкилотҳои маблағгузор кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод. Ҳайатро директори ширкати Бритиш Экспертиз (British Expertise) ва Гурӯҳи Маълумот оиди Бизнес дар Осиёи Маркази ва Қафқоз (CATBIG) Найҷел Петерс сарварӣ мекунад.
Намояндагони ҳайати тиҷоратӣ бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, мушовири давлатии президент дар умури иқтисод Фаррух Ҳамраалиев ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов мулоқот хоҳанд кард. Дар назар аст, ҳайат бо як зумра соҳибкорон, вазоратҳо ва намояндагии ташкилотҳои маблағгузор вохӯрӣ анҷом диҳанд ва аз имконотҳои фаъолият дар Тоҷикистон шиносоӣ пайдо кунанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВКХ ҶТ, бо анҷоми сафари ҳайати тиҷоратии бритониёӣ рӯзи 18-уми апрел роҳбари намояндагии Вазорати савдо ва сармоягузории Британияи Кабир дар Туркия, Осиёи Миёна ва Қафқоз Ли Турнер бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Британияи Кабир беш аз 25 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба андозаи 4,4 маротиба зиёдтар аст. Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар ҳаҷми умумӣ каме бештар аз 1% (291 ҳазор $)-ро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста