Раҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳанӯз ба шарҳу тавзеҳи изҳороти роҳбари «Роспотребнадзор»-и Русия Геннадий Онишенко пас аз санҷиши қатораи хатсайри Душанбе-Маскав дар вилояти Астрахан омода нест.
Муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки «ҳоло чизе маълум нест» ва шарҳе ҳам дода наметавонад. Ҳамчунин Собкалов аз шарҳи дар қатораи хатсайри Кӯлоб-Маскав дарёфт ва мусодира гардидани 4 кило героин ва ҳамчунин роҳбалади маводи нашъаовар истеъмолкарда низ худдорӣ варзид. «Мо дар ин самт кор бурда истодаем, вале чун ҳайат ҳоло барнагштааст, чизи мушаххасе дар ин хусус гуфта наметавонем», - афзуд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки зимни боздид аз истгоҳи Ақсарайски вилояти Астрахан ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин бо вазъи иншооти хадамоти марзбонӣ ва гумрук ошно гардида, ҳамроҳи роҳбари Роспотребнадзор Геннадий Онишенко бо вазъи қатораи Душанбе-Маскав низ шинос шудаанд.
Геннадий Онишенко аз вазъи хеле бади зиддисанитарии вагон-тарабхонаи қатора барошуфтааст, зеро ӯ дар паҳлӯи зарфҳо хобидани кормандони ҳайати қатораро мушоҳида кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста