Дар робита ба камбудиҳои ошкоргардида зимни ҷаласаи сайёри Комиссияи давлатии марзбонӣ таҳти сарварии ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин, Хадамоти марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия қатъи равуоҳои қатораҳои Тоҷикистонро тақозо кард.
Ҷаласаи сайёр дар истгоҳи роҳи оҳани Ақсойски вилояти Астрахан доир гардид. Дмитрий Рогозин ва роҳбари «Роспотребнадзор» Геннадий Онищенко бо вазъи қатораи аз Душанбе воридгардида аз наздик ошно гардиданд. Онҳо ба хулоса расиданд, ки равуои мусофирон дар чунин қатораҳо ғайриимкон мебошад. Муовини сардори Хадамоти марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия Владимир Мочалов ваъда додааст, ки ба «Роспотребнадзор» дар бораи ба қаламрави Русия роҳ надодани қатораҳои мувофиқатнадошта ба талаботи санитарӣ пешниҳод ирсол мекунад.
Гуфта мешавад, ғайр аз ин, Хадамоти марзбонии Русия аз мунтазам ба сифати воситаи таҳвили мухаддирот истифода шудани қатораи Душанбе-Маскав нигарон аст.
Владимир Мочалов мушкилии назорати марзиро бо он маънидод намудааст, ки то ҳанӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Руия бо шиносномаҳои дохилӣ ворид мешаванд, ки онҳо сатҳи зарурии муҳофизатро доро нестанд ва дар низомҳои худкори назорати русиягӣ ба кор намеоянд.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки аз моҳи апрели соли 2012 дар ҶСК «РЖД» 117 нафар нозирон оид ба амнияти нақлиёт фаъолият дошта, тамоми қатораҳои Осиёи Миёнаро аз марз то истгоҳи таъинот ҳамроҳӣ мекунанд, вале пурра хизматгузории қатораҳои хориҷӣ аз ҷониби ҳайатҳои кормандони роҳи оҳани Русия ғайриимкон ва мувофиқи қоидаҳо манъ аст.
Дар ҳамин ҳол, «Мир 24» иттилоъ медиҳад, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар Маскав ба ҷонибдории ҷорӣ кардани раводид барои сокинони Осиёи Марказӣ гирдиҳамоӣ доир гардид. Зери муроҷиатнома дар ин хусус аллакай беш аз 100 ҳазор нафар имзо гузоштаанд. Рӯзи шанбе муроҷиатнома ба Думаи Давлатӣ супурда шудааст.
Гуфта мешавад, дар гирдиҳамоӣ асосан ҳузури миллатгароёни ҷавони синнусоли аз 17 то 22-сола ба мушоҳида расидааст. Ҷорӣ кардани раводид барои сокинони Осиёи Марказӣ, шароити мусоид фароҳам овардан барои бозгашти русҳо ба ватан, ба сифати муҳоҷирон ҷалб кардани танҳо нафарони соҳибтахассус аз кишварҳои аврупоӣ, бекор кардани тартиби содашудаи гирифтани шаҳрвандии Русия ва ғайра аз ҷумлаи талаботи аслии гирдиҳамомадагон унвон мешаванд.
Дар шаҳрҳои Барнаул, Сиктивкар, Уфа ва дигар шаҳрҳои Русия низ ба ин монанд гирдиҳамоиҳо баргузор шудаанд.
Раҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳанӯз ба шарҳу тавзеҳи изҳороти роҳбари «Роспотребнадзор»-и Русия Геннадий Онишенко пас аз санҷиши қатораи хатсайри Душанбе-Маскав дар вилояти Астрахан омода нест.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста