Сафари нахустин ҳайати тиҷоратии Британия ба Тоҷикистон имрӯз, 18-уми апрел ба итмом расид.
Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар ҶТ иттилоъ доданд, ҳайати тиҷоратӣ бо намояндагони вазоратҳои гуногун ва соҳибкорони тоҷик вохӯриҳо анҷом доданд. Ҳайат аз нуҳ ширкат иборат буд, ки дар соҳаҳои мухталиф фаъолият мекунанд, аз ҷумла, дар соҳаи хизматрасонӣ, сохтмони иншооти зербиноӣ, таъмини таҷҳизоти мухталиф, сохтмони пулҳо ва технологияҳои иттилоотӣ.
Ба иттилои манбаъ, намояндагони ҳайат бо намояндагони вазоратҳои мухталифи Тоҷикистон, соҳибкорон ва намояндагони ташкилотҳои маблағгузор вохӯриҳои пурсамар анҷом доданд. Аз ҷумла, ҳайат бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода, муовини кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Шуҳрат Раҳматбоев, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон, Раҳмат Бобокалонов ва бо намояндагони дигар вазорату ниҳодҳои давлатӣ.
Найҷел Питерс, роҳбари ҳайати тиҷоратӣ гуфт, «ҳайат як барномаи хеле ҷолиб ва пурсамар дошт. «Мо бо соҳибкорон, вазорату ниҳодҳои давлатӣ ва намояндагони ташкилотҳои маблағгузор дар Тоҷикистон якчанд вохӯриҳо анҷом додем. Мо якчанд имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун муайян намудем. Намояндагони ҳайати тиҷоратӣ дар давоми моҳҳои оянда бо шарикони худ дар Тоҷикистон равобит менамоянд», - иброз дошт ӯ.
Дар рӯзи охири сафар сафири Британия дар Тоҷикистон ҷаноби Робин Орд-Смит зикр кард, ки дар рафти сафар намояндагони нахустин ҳайати тиҷоратии Британия бо намояндагони воломақом вохӯриҳои пурсамар анҷом доданд ва дар мулоқотҳо оиди имкониятҳои ҳамкорӣ, ки ба манфиати ҳарду тараф аст, баррасӣ шуданд. «Ҳукумати Британия фаъолияти худ барои ривоҷ додани ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузориро байни ду кишвар давом медиҳад. Ман минатдории хешро ба тарафӣ Тоҷикистон барои қабули гарми ҳайати тиҷоратӣ изҳор менамоям», - афзуд сафир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста