Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеъӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ 221,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10% зиёдтар аст.
Дар ин бора дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» («Мониторинг и раннего оповещения в Таджикистане»), ки ҳар моҳ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таҳия мегардад, иттилоъ дода шуда, ғайрирасмӣ будани маълумоти мазкур зикр мегардад.
Моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон 178,8 млн. ва моҳи феврал 180,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки мутаносибюан нисбат ба моҳҳои январ ва феврали соли гузашта 8 ва 9% бештар аст.
Ҳамин тариқ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 581 млн. $ маблағ ворид гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 9% зиёдтар мебошад.
Дар гузориш таъкид мегардад, ки аз афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ интизорӣ меравад, зеро мавсими муҳоҷирати корӣ наздик омада, мутаносибан шумори муҳоҷирон низ бештар мегардад, ки он ба ҳаҷми ин маблағҳо бевосита таъсир мегузорад.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон 3 млрд. 595,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ин ҳаҷм қариб 48%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар соли 2012-ро ташкил медиҳад, ки соли гузашта ба зиёда аз 36,1 млрд. сомонӣ (ҳудуди 7,6 млрд. $) баробар буд.
Аз рӯйи ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия дар соли гузашта Тоҷикистон мақоми дуввумро ишғол карда, дар ин давра танҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон аз тоҷикон бештар маблағ ба ватан фиристодаанд.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли гузашта ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 3 млрд. 651 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Соли гузашта маблағи пулии аз ҳама бештарро шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Русия ба ватан фиристодаанд, ки он ба 5 млрд. 693 млн. доллари ИМА баробар аст. Мақоми сеюм дар ин рӯйхатро бо интиқоли 3 млрд. 162 млн. $ Украина касб карда буд. Маблағи умумии соли гузашта аз Русия ба кишварҳои дигар интиқолшуда ҳудуди 49 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, дар гузориш бо такя ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ зикр мегардад, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ ҳудуди 270 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ қаламрави Тоҷикистонро тарк намуда, каме бештар аз 146 ҳазор нафар ба ватан баргаштаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста