Бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон санаи 17-уми апрели соли 2013 нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот ҷиҳати баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Бренди беҳтарини сол» барпо гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилооти»-и вазорати мазкур хабар доданд, Кумитаи тадорукот аз ҳисоби намояндагони бахши давлатӣ ва бахши хусусӣ дар назди Вазорат таъсис дода шудааст.
Кори ҷаласаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода оғоз намуда, вобаста ба омодагӣ ва баргузории озмун вазифаҳои мушшахасро дар назди аъзоёни Кумитаи тадорукот муайян намуд.
Қайд кардан зарур аст, ки озмуни мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Яке аз нуқтаҳои муҳими масъала аз он иборат аст, ки бо ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии савдо, афзоиши воридоту содироти молу маҳсулот зиёд мегардад ва ин дар навбати худ эҳтимолияти шиддати рақобатнокиро ба миён меорад.
Аз ин хотир, ҳадафи баргузории озмун аз он иборат аст, ки ширкатҳо ва ҳама истеҳсолкунандагони молу хизматрасониҳо дар пешбурди бренди худ ҳавасманд гардонида шаванд.
Ҳамзамон озмуни мазкур бояд нишон диҳад, ки бренд чӣ гуна бартариятҳои рақобатнокиро ба ширкатҳо дар бозор ва пешрафти тиҷорат медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста